Забони форсӣ-тоҷикӣ акнун дар донишгоҳи фаронсавӣ омӯзонда мешавад : Донишгоҳи миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқ (ДМЗТШ), Порис

Забони форсӣ-тоҷикӣ акнун дар донишгоҳи фаронсавӣ омӯзонда мешавад :
Донишгоҳи миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқ (ДМЗТШ), Порис

ДМЗТШ (Забонҳо Ш’)
кӯчаи Гран Мулен 65, Порис
« МУҚАДДИМАИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИК »
Эвелен Грасси
evelin.grassi@gmail.com
www.inalco.fr
Рӯзҳои чоршанбе, аз рӯзи чоршанбеи 3-юми октябри соли 2013
9:30-11:00, утоқи 5.03

Дарсҳои "Муқаддимаи забон ва фарҳанги тоҷик" барои донишҷӯёне, ки дониши худро дар ҳарф задан ва навиштан бо забони форсии Осиёи Марказӣ (тоҷикӣ), ки аз соли 1939 ба ҳарфҳои кириллӣ гузаштааст, сайқал додан мехоҳанд, пешбинӣ шудаанд.

ДМЗТШ боз забонҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Осиё, Уқёнусия, Африқо ва халқҳои Амриқо, инчунин ҷуғрофия, таърих, ниҳодҳо, зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишварҳоро меомӯзонад.

93 забон ва тамаддун дар ДМЗТШ омӯзонда мешаванд

ДМЗТШ (бо номи Забонҳои Ш’ машҳур аст), меросхӯри мустақими Мактаби Забонҳои Ҷавон, ки аз тарафи Колбер дар соли 1669 таъсис дода шуд ва баъдан мутобиқи Созишномаи соли 1795 ба мактаби Забонҳои Зиндаи Шарқ табдил шудааст, мебошад.

Dernière modification : 26/09/2013

Haut de page