Ташрифи Ҷаноби Анри Вебер, вакили аврупоӣ ба Тоҷикистон рӯзҳои 7, 8, ва 9 апрели 2014

Барнома :

Бо даъвати маркази фарҳангии Бохтар ва сафорати Фаронса дар Душанбе, Ҷаноби Анри Вебер, вакили аврупоӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва бо парлумон дар Душанбе вохӯриҳо барпо хоҳад кард. Дар идомаи ин вохӯриҳо як Конфронс дар маркази фарҳангии Бохтар оиди таърихи созмони аврупоӣ барпо хоҳад шуд

Баъдан ӯ ба Хуҷанд, вилояти Суғд сафар карда дар онҷо бо раиси вилоят ва шаҳрдор вохӯриҳо барпо хоҳад кард.

Тарҷумаи ҳол :

Анри Вебер 24-уми июни соли 1944 дар Хуҷанд, собиқ ИДШС таваллуд шудааст. Дар соли 2004 ӯ ба Парлумони аврупоӣ интихоб мешавад. Дар моҳи июни соли 2009 ӯ дубора ба Парлумони аврупоӣ интихоб мешавад.

Доктори фалсафа ва илмҳои сиёсӣ, ӯ дар Донишгоҳи Порис VIII аз соли 1969 то соли 1995 дарс додааст. Ӯ яке аз асосгузорони Лигаи Коммунистӣ Инқилобӣ дар соли 1968 мебошад. Ӯ то соли 1976 мудири ҳафтаномаи "Сурх" буд.

Дар соли 1986 ӯ ба ҳизби сосиалистӣ медарояд ва мушовири кабинети Лоран Фабиус, раиси Ассамблеяи Миллӣ аз соли 1988 то соли 1991, мушовири кабинетҳои ду вазир Мартен Малви, дар соли 1992 ва Луи Мермаз дар соли 1993 мешавад.

Ӯ инчунин муовини шаҳрдорӣ Сент-Дени аз соли 1988 то соли 1995, Мушовири мунисипалии Диепп аз соли 1995 то соли 2004, баъдан Сенатор аз Сен-Маритим аз соли 1995 то соли 2004 будааст.

Дар сохтори Ҳизби сосиалистӣ, ӯ Котиби миллӣ аз соли 1993 то соли 2008, баъдан пай дар пай масъули Маорифи Миллӣ (1993 то 1995), Маркази Такмили ихтисос (1995 то 2003), Фарҳанг ва Воситаҳои ахбори омма (1998 то 2003) ва аз нав Маркази Такмили ихтисос аз моҳи ноябри соли 2005 то моҳи декабри соли 2008 буд. Ӯ то соли 2012 муовини Котиби миллӣ, масъули Глобализасия буд. Анри Вебер инчунин Мудири « Маҷаллаи сосиалистӣ » то моҳи июни соли 2005 ва масъули Донишгоҳи тобистонаи Ла Рошелл аз соли 1995 то соли 2005 буд.

Дар Парлумони аврупоӣ, аз моҳи июли соли 2004 то моҳи июли соли 2009, ӯ аъзои Комиссия оид ба Фарҳанг ва Маориф ва аъзои Комиссияи Иқтисодӣ ва Асъор буд. Дар моҳи январи соли 2007 муовини раиси ҳайати байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо/Чин интихоб шудааст.

Дар рафти фаъолияти қонунгузорӣ 2004-2014, то июли соли 2012, ӯ аъзои Комиссияи Саноат, Тадқиқот ва Энергетика ва аъзои Комиссияи Ҳуқуқӣ буд ва аз соли 2012 аъзои Комиссияи Савдои байналмилалӣ ва аъзои Комиссияи Саноат, Тадқиқот ва Энергетика мебошад

Ӯ то июли соли 2012 муовини раиси Ҳайати байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо/Чин буд ва ҳоло аъзои он ва аъзои ҳайати Африқо-Баҳри Кариб-Уқёнуси Ором мебошад.

Маълумот :

Маълумоти иловагиро дар сомонаҳои зерин дарёфт намоед : http://www.henri-weber.fr/ ва http://www.henriweber.eu/

Dernière modification : 01/04/2014

Haut de page