Сухани ифтитоҳии cафир дар рафти Семинари Сатҳи Милии дастгирии ислоҳоти адолати судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам Ҷаноби Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳтарам Ҷаноби Раиси Шурои Суд
Мӯҳтарам Ҷаноби Раиси Суди Конститутсионӣ
Мӯҳтарам Ҷаноби Раиси Суди Олӣ
Мӯҳтарам Ҷаноби Раиси Суди Олии Иқтисодӣ
Мӯҳтарам Ҷаноби Вазири Адлия
Мӯҳтарам Ҷаноби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Мӯҳтарам Ҷаноби Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва Ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ
Мӯҳтарам Ҷаноби Прокурори Генералӣ,

Хонумон ва Ҷанобон,

Иҷозат диҳед миннатдории худро сараввал ба намояндагони ҳукуматдорони тоҷик ва махсусан ба Шурои Суд, ки дастгирии худро баҳри таъсиси ин семинар дареғ надоштанд, баён намоям ва ба экспертҳои аврупоӣ хушомадед бигуям.

Чи тавре, ки медонед, Фаронса ва Олмон аз аввал тарафдори ташаббуси мустаҳкамии Волоияти қонун дар Осиёи марказӣ ҳастанд ва амалиётҳои он ба Платформаи « Волоияти конун » дохил мешаванд.

Иттиходи Аврупо ва дар баробари он Фаронса, барои дар ҳаёт татбиқ кардани принсипҳои Волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ ҳамчун замина барои таъсис додан ва пеш бурдани тараққиёти як минтақаи демократӣ ва пешрафта, ки дорои муносибатҳои хуби байни кишварҳои худи маркази осиёӣ ва ҳамчунин бо ҳамшарикони Аврупоӣ бошад, хеле дастгирӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон, Иттиходи Аврупо ва Фаронса ҷараёни демократии ин давлатро муддати солҳои тулонӣ фаъолона дастгирӣ мекунанд ва ҳамчун шарикони муҳим барои пешравии тоҷикон дар ин соҳа хоҳанд монд, Волоияти қонун яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мост. Аз ин лиҳоз, мо хоҳиши офаридани ҳамкорӣ, яъне амалиётҳои муштарак байни ташаббускориҳои мавҷуд будаи Иттиҳоди Аврупо ва Давлатҳои аъзоёнро дорем ва нақшаи Платформа аллакай амалӣ мешавад.

Платформа барои Волоияти қонун бояд як механизми мустаҳкам ва таъсирбахш барои таъмин кардани робитаҳои воқеӣ байни созишнома ва ҷорикунии нақшаҳо бошад. Аз ин сабаб қариб 2 миллион евро баҳри ин лоиҳа ҷудо карда шуд, ки ба шарофати он бисёр конфронсҳои минтақавӣ ва семинарҳои миллӣ оид ба Волоияти қонун доир хоҳанд гашт, аз ҷумла чорабинии имрӯза.

Аз вақти кушодашавии Платформа моҳи декабри 2011, Фаронса махсусан дар ташкилот ва идоракунии ин чорабиниҳо саҳми худро гузошт, ки аз ҷониби Платформа амалӣ шудаанд, алалхусус дар соҳаи адолати судӣ аз руи парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ.

Соли 2014 Фаронса табодули таҷрибаи худро дар чорчубаи амалиётҳои аз ҷониби Платформа амалишаванда, давом хоҳад дод, махсусан дар самти ташаккули судяҳо ва адолати судӣ аз руи парвандаҳои ҷиноятӣ.

Фаронса аллакай ҳукуматдорони Қазоқистон ва Ӯзбекистонро дар пиёда кардани ислоҳоти системаи адолати судӣ тавассути ИМҶ (Иттиҳоди манфиатҳои ҷамъиятӣ) аз Адлия Ҳ амкории байналмилалӣ, ҳамроҳӣ карда истодааст, ки оператори ваколатдори Вазорати Адлия ва касбиятҳои ҳукукӣ мебошад.

Бештари экспертони фаронсавӣ аз соли 2010 дар як барномаи дастгирии ислоҳоти судӣ дар Қазоқистон ва дар барномаи ислоҳоти ҷиноятӣ дар Ӯзбекистон фаъолият доранд. Барномаи охирин соли 2012 қабул кардашуда аст, ки орно шарикони олмонӣ амалӣ карда истодаанд.

Чи тавре, ки Шумо метавонед қайд кунед, Фаронса аллакай дар бисёр амалиётҳо дар Осиёи Марказӣ иштирок дорад ва тайёр аст дар барномаҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон барои табодули таҷрибаи худ, ки аз тарафи ҷомеъаи байналмилали шинохта шудааст, хусусан дар соҳаи ислоҳоти системаи адолати судӣ ва ташаккули судяҳо, саҳми худро гузорад.

Ба ҳамаи иштирокчиён мубодила ва мубоҳисаи пурбор хоҳонам ва аз диққататон миннатгузорам.

Варақаи иттилоотӣ :

PDF - 494.8 ko

Dernière modification : 18/04/2014

Haut de page