ИЗҲОРОТИ Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо хонум Кэтрин Эштон оиди Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабри соли 2013)

"Имсол 20-мин солгарди конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳуқуки инсон, ки соли 1993 дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, барпо шуда буд, ҷашнгирӣ мешавад. Конфронси мазкур ҳуҷҷатҳои муҳимеро, яъне Баёнияи Вена ва Барномаи Чорабиниҳоро, қабул карда буд. Ин ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи башарро муҳим ҳисобида боиси дастовардҳои таърихӣ дар ҷодаи тавсеа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон гаштанд. Чун Иттиҳоди Аврупо ҳуқуки инсонро яке аз усулҳои муҳимтарини фаъолияти худ меҳисобад, ин дастовардҳо барои Иттиҳоди Аврупо як сарчашмаи илҳом шуданд. 20 сол қабл, маҳз дар ҳамин рӯз Дафтари Маъмури Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таъсис шуда буд. Иттиҳоди Аврупо Маъмури Олии ин Дафтарро хонум Нави Пиллайро барои ранҷу заҳматҳои бепоёни ӯ ва кормандонаш дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи башарият табрику муборакбод мегӯяд.

Соле пеш, Иттиҳоди Аврупо дар ин бобат барномаи стратегӣ ва нақшаи чорабиниҳоро қабул карда, Ставрос Ламбринидис, аввалин Намояндаи Махсуси худро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, таъйин намудааст. Аз ҳамон вақт ин ҷониб, Иттиҳоди Аврупо дар талоши он аст, ки масъалаҳои демократия ва ҳуқуқи инсон ба тавассути Идораи корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳали худро ёбанд. Иттиҳоди Аврупо қоидаҳои ҷадидро дар соҳаи озодии дину имон қабул намуда низ ҳуқуқи инсонро барои табақаҳои ҳамҷинсгаро, яъне хамҷинсбозон, шахсони дорои алоқаҳои ҷинсӣ ҳам бо зан ва ҳам бо мард, шахсоне, ки ҷинсияташонро тағйир доданд ва барои шахсони дуҷинса таъмин менамояд. Иттиҳоди Аврупо муборизаи деринаи худро ҷиҳати барҳамдиҳии ҷазои қатл дар сар то сари ҷаҳон давом медиҳад.

Инчунин, Иттиҳоди Аврупо фаъолияти худро барои ҳифзу эҳтироми ҳуқуқи башар идома хоҳад кард. Иттиҳоди Аврупо аз афзоиши сатҳи таҳдид, хушунат ва маҳдудияти озодии расонаҳо, ки муҳофизони ҳуқуқи инсон дар чанд кишварҳои ҷаҳон рӯ ба рӯ ҳастанд, сахт нигарон аст. Ҳоло Иттиҳоди Аврупо тамоми муҳозифони азиятдидаи ҳуқуқи инсонрро дар хотираш дошта онҳоро фаромўш намекунад. Иттиҳоди Аврупо кӯмаки худро ба шахсоне, ки ҳуқуқи инсон ва демократияро муҳофизат мекунанд, дареғ нахоҳад донист."

Dernière modification : 23/06/2014

Haut de page