Ҳафтаи Аврупо 2013 дар Душанбе

Ҳафтаи Аврупо 2013 – "Ҷавонон пешсафанд"

Душанбе, 11-уми ноябр с.2013 - Ҳафтаи Аврупо рўзи 16-уми ноябр дар ш. Душанбе оғоз ёфта то 24-уми ноябри с.2013 давом хоҳад кард, ва 20-уми ноябр бошад бархе аз барномаҳои ин чорабинӣ дар ш. Ҳисор баргузор хоҳад шуд.

Бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Ҳафтаи Аврупо яке аз намоёнтарин руйдоди фарњангӣ дар ҳаёти сокинони маҳаллӣ гаштааст. Бо барномаҳои ҷолибу рангоранг, ин иқдоми пешгирифта, равобити ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро боз ҳам қавитар гардонида, ҳамагонро аз густариши ҳамкориҳои минбаъда ошно месозад. Инчунин, чорабинии мазкур барои паҳн сохтани арзишҳо ва гуногунрангии фарҳанги Аврупо берун аз ҳудуди он хизмат мекунад.

Имсол, дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷамъияти Кушода, Донишкадаи Гётеи Тошкант ва ширкати “IDEA”, Маркази Фарҳангии Бохтар барномаи ҷолиби фарҳангиро зери унвони "Ҷавонон пешсафанд”, ки ба рушди ҷамъият, санъат, ҷанбаҳои маориф ва фарҳанги Аврупо бахшида шуда аст, пешкаш менамояд.

Барномаи чорабинии имсола ҳама ҷанбаҳои санъатро дар бар гирифтааст, ки дар он барномаҳои мусиқӣ, намоиши театрӣ ва санъати тасвирӣ шомиланд, ва инчунин якчанд конфронсу коргоҳ равона ба ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҷавонон дар масъалаҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, мубоҳисаҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо, зимни баргузорӣ хоҳанд қарор гирифт. Маркази Фарҳангии Бохтар Шуморо барои иштирок кардан дар ин чорабинии бошукўҳ, ки дар ш. Душанбе ва Ҳисор таҷлил мегардад, даъват менамояд.

Барнома :

Консерти мусиқии классикӣ (кушодашавӣ) - Консерваторияи Миллии Тоҷикистон- 16-уми ноябр, с.2013 – оғоз соати 17:00

Озмуни мубоҳиса – Маркази Фарҳангии Бохтар- 16 – 17-уми ноябр, с.2013

Тасвиргарӣ “Санъати муосир дар амал” – Душанбе Арт Граунд -17-уми ноябр, с.2013 – оғоз соати 15:00

Фестивали Филмҳои Аврупоӣ - Маркази Фарҳангии Бохтар- аз 18-ум то 22-юми ноябр с.2013 – оғоз соати 15:00

"Ҷиҳатҳои иҷтимоии дизайн. Калима - ҳеҷ чиз, симо – ҳама чиз" - лексияи Георги Мамедов (Бишкек) - Душанбе Арт Граунд - 18-уми ноябр с.2013. Оғоз соати 17:30

Коргоҳи тасвирӣ - Душанбе Арт Граунд - аз 20-ум то 24-уми ноябр, с.2013

« Ташаккули овоз » - лексияи мусиқавӣ – дар иҷрои Мария Вилковиско ва Руслан Гетманчук (Алма-ато) - Душанбе Арт Граунд - 21-уми ноябр, с.2013 – оғоз соати 17:30

Хониши асарҳои театрии олмонӣ – Донишкадаи Ҳунарҳо - 21 – 22-юми ноябр, с.2013 – оғоз соати 14:00

Намоиши театрӣ ‘Тартюф’ – Театри Маяковский -24-уми ноябр, с.2013 – оғоз соати 18:00

Консерти пушидашавӣ “ЗАФАР” - Театри Маяковский - 24-уми ноябр, с.2013 – оғоз соати 16:00

Ҳафтаи Аврупо 2013 дар Ҳисор

Консерти мусиқии миллӣ & Фестивали Филмҳои Аврупоӣ – Хонаи Фарҳанги Ҳисор

20-уми ноябр с. 2013

Даромад ба ҳамаи чорабиниҳо озод мебошад

Ғайр аз намоиши театрӣ : даромад 10 сомонӣ

Барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандем ба шахси масъул дар Маркази фарҳангии Бохтар тамос бигиред, Хонум Амал Ханум Гаҷиева +992 (37) 221-92-89 ё 227-03-67 тариқи почтаи электронӣ bactria.culture@acted.org. Инчунин дар сомонаи МФБ : www.bactriacc.com ва фейсбук : www.facebook.com/bactriacc.

Умедворем, Ҳафтаи Аврупои 2013 ба Шумо дилхушӣ оварад !

Dernière modification : 12/11/2013

Haut de page