Қисми муҳандисони ҳавоӣ

Бо дастгирии моддиву техникӣ ва инчунин маъмъмурии қисми ҳарбӣ-ҳавоӣ, қисми муҳандисон ҳар сол, аз тирамоҳ то баҳор, дар фурудгоҳи байналмилалли Душанбе корҳои сохтмонӣ ва таъмириро анҷом медиҳад.

Қисми муҳандисони ҳавоӣ тақрибан аз 60 сапёр, ки аз полки 25-уми муҳандисони ҳавоӣ интихоб шудаанд, иборат мебошад. Ин қисм аз соли 2004 то 2005 корҳои азнавсозии хати парвозу фурудоиро анҷом дода, аз соли 2007 то соли 2012 корҳои азнавсози ва таъмири қароргоҳи ҳавомаймоҳо ва роҳрави зимомиро анҷом дод.

Барои иҷро карадани фаъолияти худ, ин қисм 30 адад техникаи заминковӣ ва як мошин барои тайёр кардани маводи сохтмонӣ дорад.

Фаъоляти қисм аз тарафи роҳобарият таҳти назорат қарор дорад. Роҳбарият, аз як афсар ва як низомии фаронсавӣ аз қисми муҳандисони ҳавоӣ иборат буда, дар фасли тобистон боз ду мутахассиси муҳандис ба онҳо кумак мекунанд. Онҳо бо атташеи низомӣ дар ҳамкории зич фаъолият мекунанд.

Dernière modification : 03/12/2012

Haut de page