Қисми ҳарбӣ-ҳавоӣ

Муваққатан аз январи соли 2002 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мустақар шуда, ин гурӯҳи зудамали нақлиётӣ дар як мӯҳлати кутоҳ шароити хуби техникию моддиро барои фаъолияташ фароҳам овард ва дар муддати якчанд моҳ ба Қисми ҳарбӣ-ҳавоии Душанбе мубаддал шуд.

JPEG

JPEG - 18.8 ko

Қисми ҳарбӣ-ҳавоӣ, бо миқдори 170 низомӣ, ҳамчун як пойгоҳи хурди ҳарбӣ ҳавоӣ мебошад. Дар давоми даҳ соли фаъолияташ, ин пойгоҳ ба иштирокчиёни гуногуни саҳнаи Афғонистон кумак расонд. Аз ҷумла бо қисми ҳавопаймоҳои қиркунанда аз 2005 то 2007 ва бо фавҷи ҳавопаймоҳои сӯзишворӣ таъминкунанда аз 2009 то 2010. Имрӯз, ин гурӯҳи зудамали нақлиётӣ бо ду ҳавопаймои нақлиётӣ С-160 « Транзал » ҳузур доорад.

Қисми ҳарбӣ-ҳавоии Душанбе амалиётҳои зеринро иҷро мекунад :

- кӯмак ба воҳидҳои ҳарбии фаронсавӣ, ки дар ҷойҳои амалиётҳои низомӣ мустақар ҳастанд (дар Афғонистон ва дар Тоҷикистон) дар доираи амалиётҳои гуногун (Помир, Epidote ва AT-Advisory Team) ;
- дастгирии қувваҳои байнамилалӣ, ҳамлу нақли бор ва низомиҳо бо ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ба саҳнаи амалиётҳо ;
- транзит дар вақти ивазшавии низомиҳои фаронсавӣ ;
- кӯмак ба тарнзит дар вақти иваз шудани низомиҳои дигар кишварҳо (Белгия, Испания, Олмон) ;

JPEG - 21.8 ko

Дар баробари ин амалиётҳои низомӣ, қисми ҳарбӣ инчунин фаъолияти хешро дар раванди ҳамкории ҳарбию шаҳрвандӣ иҷро мекунад. Ин ҳамкори дар ду самт иҷро мешавад : маориф ва тандурустӣ. амин тариқ, дар соли 2012, 27 амалиёти ба нақша гирифта шудаанд. Онҳо барои беҳтар кардани инфрасохтори мактабҳои ибтидоии Душанбе, таъмин кардани маводи таълимӣ барои омӯзиши забони фаронсавӣ ва тақсим кардани таҷҳизоти мактабӣ, варзишӣ ва фармасевтӣ дар мактабҳои маҳалӣ ва донищгоҳҳо равона карда шудаанд.

JPEG - 176.1 ko

Dernière modification : 03/12/2012

Haut de page